«ОЯНДАСОЗОНИ ВАТАН». Чунин ном дошт барномаи фарҳангие, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи таҳсилоти хусусии «Литсейи Раҳнамо», ҳунармандони ансамбли рақсии «Лаъл» ва хонандагони мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ зери унвони «Ояндасозони Ватан» доир гардид. Барномаи фарҳангӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад, бахшида шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода кӯдакону наврасонро бо рӯзи идашон табрик гуфта, аз таърихи пайдоиши ин рӯз ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Номбурда аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукмати Тоҷикистон нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдрас шуда, зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
«Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсилу истироҳат ва фароғати бачаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва дар ин самт барномаҳои зиёд амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи кӯдакон ва наврасон фаъолият мекунад, ки ба хонандагони хурдсол хизмат мерасонад. Дар шуъбаи мазкур тамоми шароит ҷиҳати мутолиа ва ба бозиҳои шавқовари зеҳни машғулшудани кӯдакон тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ фароҳам гардида, гузашта аз ин дар ин ҷо пайваста озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд», — афзуд А. Мирализода.
Дар ҷамъомад адибоне, ки барои кӯдакону наврасон эҷод мекунанд, аз ашъори худ барои ҳозирин шеърҳои тозаэҷодро қироат намуданд.
Баъдан чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро хонандагони «Литсейи Раҳнамо», гурӯҳи ҳунармандони ансанбли рақсии «Лаъл» ва хонандагони мактаби мусиқӣ ба номи Миратулло Атоев бо суруду тарона ва ҳунару маҳорати зебои рақсии худ рангину ҷолибтар намуданд.
Дар фарҷоми барнома ширкаткунандагони фаъоли ин чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ қадрдонӣ шуданд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад






