Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҳоҷӣ Лайло» дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Лайло» боздид ба амал оварданд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагидорон, дастовардҳои онҳо шинос шуда, бо коргарон доир ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, рушди боғот ва таъмини амнияти озуқаворӣ, суҳбати самимӣ доир карданд.
Хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳоҷӣ Лайло” яке аз хоҷагиҳои пешқадами деҳоти Пушинг мебошад, ки майдони зиёди заминҳои боирро обёрӣ карда, аз он барои беҳдошти шароити иқтисодию иҷтимоии аъзои хоҷагӣ ва фаровонии бозори истеъмолии деҳа самаранок истифода мебаранд.
Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 30 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор замини ҳосилдеҳ дар майдони 0,40 га 12 гармхона бунёд шудааст. Дар ин ҷо бо усули хос лиму, помидор, бодиринг, карам, гулкарам ва дигар сабзавот парвариш меёбад. Чун ҳамаи қоидаҳои агротехникӣ риоя мегарданд, ҳосили ниҳолҳои лиму ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ хуб аст.
Дар хоҷагӣ ба таври мавсимию доимӣ ҳамагӣ 30 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Дар масоҳати 2 гектар хоҷагидорон токзор бунёд карда, ангурҳои навъи сиёҳ, сафед ва шоҳона парвариш мекунанд.
Дар беш аз 25 гектари майдони боқимондаи заминҳои хоҷагӣ дарахтони гуногуни мевадиҳандаи олуи сиёҳ, бодом, гелос, зардолу, себ, хурмо, шафтолу ва хуч шинонида шудааст, ки аллакай ба ҳосил даромадааст.
Барои беталаф нигоҳ доштани ҳосили боғот коргарони хоҷагӣ дар назди заминҳои кишт бо ғунҷоиши 400 тонна маҳсулот сардхона сохта шудааст.
Барои обёрии заминҳо ҳавзи об бо ғунҷоиши 400 куб бунёд гардида, дар он парвариши моҳиҳо ба роҳ монда шудааст.
Аъзоёни Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷи Лайло” аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар деҳаи Оличадараи деҳоти Себистон як бунгоҳи замонавӣ бо таҷҳизот, доруворӣ, мизу курсӣ сохта ба истифода доданд.














Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон






