Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандонро ифтитоҳ ва бо сокинони деҳаи Пушинг мулоқот намуданд

Май 23, 2019 10:09

ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.

Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд — Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.

Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, ки 2,5 гектарро ташкил медиҳад, гулгашт, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, дӯконҳо дар растаи ҳунармандон бунёд шудаанд.

Баландии пояи Парчам 25 метрро ташкил дода, андозаи матои он бараш 5 метр ва дарозиаш 10 метр мебошад.

Баландии пояи Нишони давлатӣ 17 метр аст.

Барои сайру гашти мардум 20 адад сутуни чароғ гирдо гирди майдон насб карда шудааст, инчунин дар ин ҷо барои ороиш ва хушбоду ҳаво гардонидани мавзеъ 1000 дона ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонидаанд.

Варзишгоҳ, ки дар ҳудуди боғи Парчам ва нишон сохта шудааст, барои 2500 ҷойи нишаст мебошад. Акнун имкон аст, ки дар ин майдон сокинон бозиҳои гуногун ва барномаҳои бошукӯҳи идона доир намоянд.

Барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини боғи Парчам ва Нишони давлатӣ дар зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ 18 дӯкони ҳунармандон дар растаи ҳунарҳои мардумӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳамаи дӯконҳо ба ҳунармандони деҳаи Пушинг ройгон пешкаш карда шудааст, то ин ки устоҳои чӯбу оҳан, дӯзандаҳои моҳир дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он ба таври самаранок истифода бурда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.

Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳли ҳунар аз имтиёзҳои Сарвари давлат, ба монанди аз андоз озод шудан ва ғайра бархурдоранд. Ройгон пешкаш кардани дуконҳо ба ҳунармандони деҳа аз ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат нисбат ба сокинони деҳоти Пушинг мебошад.

Дар вақти сохтмони Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ зиёда аз 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ таъмин шуданд. Баъди ба истифода додани иншоот бошад, 30 кас ба кори доимӣ ҷалб гардид.

4 ҳайкали шер рамзи тавоноии миллати тамаддунофари тоҷик дар назди парчаму нишон ва 1000 метри мураббаъ роҳи сафолакпӯш аз ороишоти дигари боғ мебошад.

Майдони Парчам ва Нишон макони дилфиребу мусоиди сайру тамошои сокинони деҳаи Пушинг ва меҳмонон гардид. Акнун мардум метавонанд ба таври васеъ аз имконоти истироҳатию фароғатии он самаранок истифода баранд.

Мавриди зикр аст, ки бунёди Парчам ва Нишон дар саросари мамлакат нишонаи олии қадршиносии миллати тоҷик аз арзиш ва муқаддасоти миллӣ мебошад.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ ва шиносоӣ бо дастовардҳои мардум дар растаи ҳунармандон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони ташаббускори деҳаи Пушинг суханронӣ карда, ифтитоҳи иншооти навро муборакбод гуфтанд.

Сокинони шукргузори деҳоти Пушинг зимни баромади худ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳои созанда, ғамхории ҳамешагӣ ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.

Май 23, 2019 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ сохта мешавад