Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба роҳбарону масъулон доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо вазифаҳои мушаххас доданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст масъалаи татбиқи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020-ро натиҷагирӣ намуда, истифодаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои афзалиятнок, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, зиёд кардани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки аз руи таҳлилҳо бо вуҷуди дастовардҳои солҳои охир, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он имконият ва иқтидорҳои худро то ба имрӯз ба таври пурра истифода накардаанд. Дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон амалӣ намудани 279 лоиҳа пешбинӣ шудааст, вале то имрӯз дар 172 лоиҳа иҷрои корҳо таъмин нагардидааст.
Бинобар ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории бандҳои иҷронагардидаи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба иҷрои онҳо то охири соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.
Дар мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои нақшаи даромади буҷет дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, воридоти технологияи муосир, рушди раванди саноатикунонии мамлакат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, рушди корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, андешаронӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳо доданд.
Дар рафти мулоқот Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони масъул оид ба иҷрои корҳо давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд






