Прокуратураи Суғд 429 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашид

Май 2, 2019 15:53

ХУҶАНД, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2018 ва 4 моҳи соли равон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд 138 (2019-92 / 2018- 46) ҳолати аз тарафи шахси бемор дидаю дониста таҳти хавфи сирояти бемории Вируси норасоии масунияти одам гузаштан ошкор карда шуда, 39 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 33 нафар оғоз карда шудааст. Ин матлаб имрӯз, 2 май зимни баргузории  ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки дар бинои прокуратураи вилояти Суғд баргузор  гашт, зикр гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар дар вилоят Абдуаҳад Дадабоев, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки дар он муовини раиси вилояти Суғд, муовинони Вазири тандурустии мамлакат ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарону сардухтурони раёсатҳои тандурустиву беморхонаҳо ва шахсони масъули соҳаи мазкур дар вилоят иштирок намуданд, таҳти роҳбарии раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов доир гардид. Дар он ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус хизматрасонии тиббии давлатӣ ва хусусӣ, ба фурӯш баровардани дорувории тариқи қочоқ воридшуда, пастсифат, бе сертификати мутобиқат ва пешгирии касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд Амир Зайниддинзода зикр намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  ҳамасола барои рушд, сохтмону таъминоти иншооти соҳаи тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир ва сифатан беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Аммо новобаста ба ин, санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки дар фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилоят ҳолатҳои аз тарафи шахси мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, санитарию гигиенӣ, эпидемиологӣ, муомилот бо маводи доруворӣ, аз ҷумла, бе иҷозатномаю шаҳодатномаи сифат бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ ва аттестатсияи фаъолияти фармасевтӣ, ғайриқонунӣ машғул шудан ба воридот ва фурӯши маводи доруворӣ, муомилаи беэҳтиромонаи табибон, аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб кардан, номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ, ки сабаби марги бемор гардидааст, инчунин гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва пора аз ҷониби табибон, азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар самти назорати соҳаи тандурустӣ дар ин давраи 79 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 35 адад нисбат ба кормандони тиб буда, 32 адади он ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионию иқтисодӣ  мебошад.

Ҳамчунин дар ин давра  1113 номгӯй ба миқдори 171 ҳазору 526 адад маводи доруворӣ ва 4182 номгӯй ба миқдори 264 ҳазору 725 адад маводи ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, ба миқдори 155812 кг ба маблағи 4,4 млн. сомонӣ аз муомилот гирифта, нобуд карда шудаанд.

Инчунин баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда ва пешгирии сабабу омилҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткарда аз ҷониби прокуратураи вилоят ба унвони роҳбарони мақомоти марбута ва шахсони масъул 115 санади эътиноӣ бароварда, 429 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шудаанд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар вилоят 46 ширкат ба воридот, 876 адад дорухонаҳо ба фурӯши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғул буда, 7 адад корхонаҳои истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ фаъолият дошта, аз ҷониби 12 ширкати дар қайди шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии мақомоти андози вилоят гирифташуда давоми соли 2018 ва семоҳаи аввали соли 2019 7,2 ҳазор тонна маводи доруворӣ ба маблағи 38,5 млн. сомонӣ ворид карда шудааст.

Дар интиҳо вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят оид ба таъмини иҷрои қонунгузории соҳаи тандурустӣ ва бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ҷойдошта қарори дахлдор қабул карда шуд.

Май 2, 2019 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳамсари беҳтарин» ва «Фарзанд-боғи падару модар» муайян гардиданд
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад
Дар беш аз 400 муассисаи тандурустии Тоҷикистон воситаҳо барои пардохти электронӣ насб гардиданд
Дар шаҳри Турсунзода биноҳои Маркази касбомӯзӣ ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бунёд мегарданд
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд-боғи падару модар» ҷамъбаст мегарданд
Ҷаласаи V Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои фасли тирамоҳ чӣ гуна мешавад?
Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе 5 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода мешавад
Дар назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бинои нави клиника ва дармонгоҳ бунёд мегардад
Соли равон 37 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир ва навсозӣ мегардад
Кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ суханронии Сарвари давлатро ба муносибати Рӯзи дониш якҷоя тамошо намуданд
Ба намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуд