Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтанд

Май 23, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 23.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Австрия ифтитоҳ ёфт. Дар доираи ин рӯзҳо айни замон дар толори марказии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассоми австриягӣ Густав Климт ҷараён дорад. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Сафири Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Герҳард Сайллер чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва оид ба риштаҳои ҳамкории ду кишвар ҳарф зад.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода низ ҳозиринро бо ифтитоҳи Рӯзҳо шодбош гуфта, ба Сафорати Австрия дар Тоҷикистон барои ташкили чунин чорабинии фарҳангӣ изҳори сипос намуд.

Зевар Давлатзода иброз дошт, ки ин иқдоми Сафорат барои муаррифии фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳани Австрия муҳим буда, дар рушди робитаҳои байнифарҳангии кишварҳо саҳми босазо мегузорад.

Ба зикри Зевар Давлатзода муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Австрия аз замони барқарор шудани робитаҳои дипломатӣ торафт густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи тозаро касб карда истодаанд.

«Мо муътақид бар онем, ки робитаҳои судманду фарогир барои рушду тавсеа майдони васеъ доранд ва мо ба инкишофи ҳамкориҳои густурда бар асоси суди мутақобил дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ манфиатдорем» – гуфт муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Инчунин таъкид гардид, ки таърихи робитаҳои фарҳангии ду кишвар ҳанӯз аз соли 1972 бо барқарор шудани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт, ки онро ҳамчун пули дӯстӣ метавон унвон кард, оғоз меёбад. Соли 1989 аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамчун рамзи дӯстӣ дар шаҳри Клагенфурт чойхонаи миллӣ сохта, тақдим карда шуд.

Боиси зикр аст, ки 22 май дар хонаи синамои «Зебуниссо» филми бадеии австриягии «Муҳоҷират» манзури дӯстдорони синамо гардид.

Май 23, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард