Роҳбарони хадамоти махсуси ИДМ дар шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд

Май 14, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони хадамоти махсуси ИДМ миёнаҳои моҳи май дар шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев хабар медиҳад.

«Дар миёнаҳои моҳи май мулоқоти роҳбарони хадамоти махсуси мо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ки ин ҳам як чорабинии хеле муҳим аст», — иттилоъ дод С. Лебедев зимни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар шаҳри Москва.

Пештар роҳбари Маркази зиддитеррористии (МЗТ) ИДМ Андрей Новиков изҳор дошт, ки ҳимояи зиддитеррористии кишварҳо ва шаҳрвандони ИДМ дар сатҳи сифатнок қарор дорад.

«Агар вазъияти мавҷуда дар доираи ИДМ-ро ба таври муфассал баррасӣ намоем, он гоҳ метавонем изҳор дошт, ки мақомоти амният, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қодиранд ба шарофати корҳои мувофиқашуда сатҳи назаррас ва  сифатноки ҳимояи зиддитеррористии кишварҳо ва шаҳрвандонамонро таъмин намоянд»,- зикр намуд ӯ.

Май 14, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд