Салоҳуддин Раббонӣ: «Масъалаи мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сабаби ташвиш ва нигаронии ҳамаи кишварҳои минтақа гардидааст»
ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи терроризму экстремизм, мушкилоти маҳдуд ба як кишвар набуда, хоси минтақа гардидааст. Ин мушкилот ба ҳамкории муштарак ниёз дошта, бо ин роҳ метавон онро ҳал кард. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ пас аз мулоқоти худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.
Салоҳуддин Раббонӣ зикр намуд, ки дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавзӯъҳои вобаста ба таъмини амният, интиқоли неруи барқ ба Афғонистон ва ҷудо намудани бурсияҳо ба донишҷӯёни афғон ибрози назар намудаанд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистону Афғонистон робитаи таърихию фарҳангӣ ва забони муштарак дошта, ғайр аз ин, ҳарду мамлакатро сарҳади тӯлонӣ бо ҳам мепайвандад.
«Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён мекунем, ки ҳамеша дар паҳлуи мардуми Афғонистон буданд ва ба онҳо кумаки худро дареғ надоштанд. Ин Конфронси сатҳи баланд, ки фардо баргузор мегардад, хеле чорабинии муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро масъалаи мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сабаби ташвиш ва нигаронии ҳамаи кишварҳои минтақа гардидааст», — зикр намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ пагоҳ дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» ширкат мекунад.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






