Ташаккули фоизи қарзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 02.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ додашуда дар моҳҳои январ-марти соли равон дар ҷумҳурӣ тақрибан 2 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 508 миллион сомонӣ афзудааст. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2019 бо пули миллӣ 25,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,7 фоизро ташкил намуд. Ин матлаб дар ҷаласае, ки дар ҳузури муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ Лола Салимова оид ба масъалаи ташаккули фоизи қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён шуд. Мавриди зикр аст, ки Л. Салимова ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи корӣ «Оид ба идомаи фаъолият дар самти муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ» аст,
Дар ҷаласа натиҷаи тадқиқоти мушовири байналмилалӣ Бертрам Зоннтаг, ки вобаста ба масъалаҳои ташаккули фоизи қарзҳои ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти ташкилотҳои қарзӣ гузаронидааст, таҳлилу баррасӣ гардид. Вай зарурати ба роҳ мондани сиёсати фоизии дуруст аз ҷониби ташкилотҳои қарзиро, ки он ба рушди муносибатҳо бо бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар алоқаманд аст, таҳлил карда, оид ба усулҳои татбиқи ҳисобкунии фоизӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар рӯнамои худ ба иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд.
Мутахассисони БМТ зикр намуданд, ки ҳисобкунии ҳассосияти талабот ба қарз, ки он чандирии талабот аз рӯи нарх, таносуби ҳаҷми қарзҳои додашуда ва амонатҳои ҷалбшударо ифода менамояд, аллакай татбиқ мегардад.
Инчунин аз ҷониби Гурӯҳи корӣ оид ба омилҳои таъсиррасон ба арзиши аслии қарз, ки ҳангоми гузаронидани тадқиқот муайян гардидааст, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Зимни машварат дар баробари пешбурди сиёсати қарзӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва муайян кардани арзиши қарз, инчунин марҳила ба марҳила вусъат ёфтани амалиёти амонативу қарзӣ таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ, соли 2018 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 8,2 млрд. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2017 –ум 500 миллион сомонӣ афзуд. Фоизи миёнавазни қарз соли гузашта бо пули миллӣ 26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 17,2 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи онанд, ки ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро барои афзун намудани дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ ҷоннок намуда, саҳми худро баҳри рушди иқтисодиёт мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки БМТ андешидани тадбирҳои амалиро барои татбиқи сиёсати дурусти фоизӣ дар низом ҳамчун омили таъсиррасони рушди иқтисодиёти кишвар идома медиҳад.








Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






