Вазири кишоварзии Россия Дмитрий Патрушев: «Россия ният дорад дар Тоҷикистон маркази тақсимоти яклухт бунёд кунад»

Май 16, 2019 10:25

ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев мулоқот доир намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пас аз анҷоми мулоқот Вазири кишоварзии Федератсияи Россия  Дмитрий Патрушев иброз намуд, ки «дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ муҳокима  шуданд.  Ҳамчунин   масъалаи  имконияти сохтмони маркази тақсимоти  яклухт  аз ҳисоби сармоягузориҳои Россия дар қаламрави Тоҷикистон матраҳ гардид. Масъалаҳои чорводорӣ ва тухмипарварӣ, аз ҷумла картошка низ баррасӣ шуданд».

Дмитрий Патрушев таъкид дошт, ки масъалаҳои баррасишуда дар чаҳорчӯби ҳамкории зичи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Россия рӯзҳои наздик амалӣ хоҳанд шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, имрӯз Вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  Дмитрий  Патрушев  бо сафари корӣ  ба вилояти Хатлон сафар намуда, дидору мулоқоти ӯ бо роҳбарияти вилоят дар назар аст.

Қарор аст, ки ҷонибҳо доир ба  густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва дигар масъалаҳои меҳварӣ табодули назар намоянд.

Ҳамчунин дар доираи ин сафар вазири кишоварзии  Федератсияи  Россия  аз гармхонаҳои мавсимӣ, боғҳои меваҳои гуногун, майдонҳои кишти сабзавот ва полезӣ, гармхонаҳои лимӯпарварӣ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини  Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон  боздид хоҳад кард.

Май 16, 2019 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд