Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия – Раиси амалкунандаи САҲА Мирослав Лайчак

Май 23, 2019 12:11

ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 22 майи соли 2019 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Мирослав Лайчак ҳамчун Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба бо Словакия ва бисёрҷониба бо САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз муносибатҳои кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи се ченаки ҳамкорӣ бо САҲА баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, Раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчакро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот ҳавасмандии Тоҷикистонро барои рушду тавсеаи муносибатҳои шарикӣ бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имрӯз бояд ин созмон барои таъмини амнияту субот қарорҳои муҳим қабул намуда, тадбирҳои бетаъхир андешад.

 

Май 23, 2019 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд