Ҳайати Тоҷикистон дар Фестивали «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС ва СҲШ» иштирок дорад

Июнь 6, 2019 14:12

ДУШАНБЕ, 06.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5 июни соли равон дар шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия дар доираи баргузории  III  Фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС ва СҲШ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он журналистони ҷавон доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи журналистика мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН, ки дар чорабинии мазкур ҳузур дошт, иттилоъ дод.

Дар ин фестивал аз Тоҷикистон 15 нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иштирок доранд.

Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Зарина Ҷавакова оид ба «Нақш ва мавқеи ВАО дар рушди Тоҷикистон» баромад намуд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар он озодии матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда аз 600 рӯзномаву маҷалла, 11 агентии иттилоотӣ ва даҳҳо телевизиону радиоҳои давлативу хусусӣ фаъолият мекунанд, ки саҳми онҳо дар рушди он назаррас мебошад»,- зикр намуд мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки  дар шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия III Фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС  ва СҲШ»  4 июн оғоз гардида, то 9 июн идома меёбад.

Дар фестивали мазкур намояндагони 23 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо иштирок доранд.

Июнь 6, 2019 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад