Байни «Амонатбонк» ва «Узпромстройбонк» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки саноат ва сохтмони Ӯзбекистон Созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 10 миллион доллари амрикоӣ ва Шартнома оид ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, санадҳои мазкурро дар шаҳри Тошканд раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва аз ҷониби Ӯзбекистон раиси Бонки саноат ва сохтмони Ӯзбекистон Азиз Воидов имзо гузоштанд. Ҳамзамон дар доираи ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ мусоҳибон масоили марбут ба тақвияти ҳамкории байнибонкиро баррасӣ намуданд.
Инчунин, Сироҷиддин Икромӣ дар шаҳри Тошканд бо раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон Алишер Мирсоатов мулоқот анҷом дода, дар раванди баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, дар асоси Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 апрели соли 2019, масъалаи тағйир додани шартҳои Созишнома қарзӣ дар ҳаҷми 33 миллион доллари амрикоиро матраҳ намуданд. Дар ин росто, Созишномаи иловагӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бандҳои Созишномаи қарзӣ омода ва ба имзо расонида шуд.











«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






