Байни «Амонатбонк» ва «Узпромстройбонк» Созишномаи қарзӣ ба имзо расид

Июнь 20, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки саноат ва сохтмони Ӯзбекистон  Созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 10 миллион доллари амрикоӣ ва Шартнома оид ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ба имзо расонида шуд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Тибқи  иттилои манбаъ, санадҳои мазкурро  дар шаҳри Тошканд раиси  БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ ва аз ҷониби Ӯзбекистон раиси  Бонки саноат ва сохтмони Ӯзбекистон Азиз Воидов имзо гузоштанд. Ҳамзамон дар доираи ба имзо расонидани санадҳои ҳамкорӣ мусоҳибон масоили марбут ба тақвияти ҳамкории байнибонкиро баррасӣ намуданд.

Инчунин, Сироҷиддин Икромӣ дар шаҳри Тошканд бо раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон Алишер  Мирсоатов мулоқот анҷом дода,  дар раванди баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, дар асоси Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 апрели соли 2019, масъалаи тағйир додани шартҳои Созишнома қарзӣ дар ҳаҷми 33 миллион доллари  амрикоиро  матраҳ намуданд. Дар ин росто, Созишномаи иловагӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бандҳои Созишномаи қарзӣ омода  ва ба имзо расонида шуд.

 

Июнь 20, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид