Беш аз 200 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар Бонки марказии Франсия такмили ихтисос намуданд

Июнь 11, 2019 10:48

ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистону  Франсия   ва табодули таҷриба дар соҳаи бонкӣ дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва  Мушовири Президенти Франсия  оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  Паскал Лоро дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ҷ.Нурмаҳмадзода доир ба муҳимияти тақвияти низоми бонкӣ, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон омодаи ҳамкории судманди дуҷониба аст.

Мавсуф афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар гузашта бо Бонки марказии Франсия ва институтҳои молиявию қарзии  ин  кишвар   ҳамкории зич ба роҳ монда буд. Дар доираи  ин ҳамкорӣ давоми солҳои 1999 – 2006 беш аз 220 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар Институти молиявӣ – бонкии Бонки марказии Франсия  такмили ихтисос намуданд.

«Барои барқарор кардани равобити судманд мо дар фурсати кӯтоҳтарин  лоиҳаи ҳамкориро дар самтҳои барои низоми бонкии Тоҷикистон афзалиятнок омода ва пешниҳод менамоем», -илова кард  Раиси Бонк.

Паскал Лоро аз таҷрибаи ҳамкории ду кишвар дар самти низоми бонкӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки хоҳони дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани  муносибот  мебошад. Номбурда  иброз дошт, ки барои барқарор ва тақвияти  ҳамкорӣ ният дорем бо Бонки миллии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонем.

Ҳамзамон дар мулоқот Сафири Франсия  дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар доир ба зарурати тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ миёни ду кишвар  ибрози назар карда, афзуд, ки: «умедворем сафари дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия  ба рушди ҳамкории низоми бонкии ду давлат такони нав хоҳад бахшид».

Дар мулоқот дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ байни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Франсия, ҳамкорӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ, идораи захираҳои байналмилалӣ, роҳҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ матраҳ гардиданд.

Июнь 11, 2019 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд