«БОЗТОБ» АЗ РАДИОИ «ХОВАР». Дар ин барнома масъалаи тарбияи наврасон баррасӣ мегардад

Июнь 12, 2019 11:11

ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чаро наврасон ба шабгардию оворагардӣ машғул мешаванд ва  даст ба ҳуқуқвайронкунӣ мезананд? Мактабҳои махсус ин гуна наврасонро то куҷо ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд? Баррасии ин мавзӯъро дар барномаи навбатии «Бозтоб» аз радиои «Ховар» бишнавед.

Бо мақсади беҳтар намудани  таълиму тарбияи насли наврас 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул  гардид. Ҳарчанд наздик ба 10 сол аст, қонуни мазкур фаъолият дораду то андозае падару модаронро ҳушдор дод, ки онҳо бояд масъулиятро нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд дучанд гардонанд, аммо мушоҳидаҳо собит месозад, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло ҳам  ба беаҳамиятӣ  роҳ медиҳанд.  Дар баъзан маврид беаҳамиятии волидон  то ҷое мерасад,  ки фарзандони онҳо нисбат ба  оила, мактаб, ҷомеа беэҳтиромӣ намуда ба корҳои нодуруст даст мезананд? Сабаб чист? Ё волидайн аз уҳдаи тарбияи дурусти фарзанд баромада наметавонад ва ё  бархе наврасон дар воқеъ душвортарбия гардидаанд?

Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи имрӯзаи «Бозтоб» соати 16:30 аз радиои «Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома  — Моҳинави НАВРӮЗ.

Июнь 12, 2019 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад