«Чоряк аср ҳамнафас» — китобе, ки ёди ёри меҳрубон дорад
ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори муҳаққиқи шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Усмонҷони Ғаффор нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби ёддошти тарҷумони маъруф, узви иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамсари адиби забардаст Абдулло Қаҳҳор – Кибриё Қаҳҳороваро (Лутфуллоева), ки ба хотираи неки шавҳараш бахшида шудааст, бо номи «Чоряк аср ҳамнафас» аз чоп баровард.
Китоби «Чоряк аср ҳамнафас», ки соли 1988 бори аввал дар чанд шумораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шудааст, хеле самимона ва бо забони дилчасп иншо гардидааст. Ин асар боз аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар он равандҳои адабӣ дар ду ҷумҳурии ҳамсоя ва дӯстии адибони тоҷику ӯзбек ва рус дар тӯли як давраи калон инъикос ёфтаанд.
Ба гуфтаи онҳое, ки Абдулло Қаҳҳору ҳамсарашро мешинохтанду бо онҳо равуо доштанд, зану шавҳар дар хона танҳо бо забони модариашон- тоҷикӣ ҳарф мезаданду муошират мекардаанд.
Абдулло Қаҳҳоров, ки зодаи деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошад, дар Ӯзбекистон ба камол расида, чун нависандаи тавоно ном баровард ва ӯро Чехови ӯзбек мегуфтанд.
Кибриё Каҳҳорова соли 1914 дар шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи мударрис ба дунё омадааст ва фаъолияти меҳнатиашро дар нашриёт зери сарпарастии устод Садриддин Айнӣ шурӯъ намудааст. Баъдан бо тавсияи устод ба факултети шарқшиносии донишгоҳи Ленинград дохил шудааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳидояти Бобоҷон Ғафуров Кибриё Қаҳҳорова барои кор ба рӯзномаи навтаъсиси «Фрунзечӣ» дар шаҳри Тошканд сафарбар мегардад.
Дар он ҷо бо амри тақдир бо Абдулло Қаҳҳор шинос мешавад ва дере нагузашта ду дилбохта издивоҷ мекунанд. Онҳо якҷо 25 сол зистанд ва чунончи аз унвони китоб бармеояд, чоряк аср ҳамнафас буданд. Ин ду шахси соҳибистеъдод ҳамкории зичи эҷодӣ доштанд ва ба якдигар кумак мерасониданд, маслиҳатҳои муфид медоданд. Ҳарду ҳам хеле пурмаҳсул буданд.
Кибриё Қаҳҳорова асосан ба тарҷума, аз русӣ ба ӯзбекӣ ва аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ машғул будааст. Аз ҷумла, баъзе асарҳои шавҳарашро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст. Хизмати калони К. Қаҳҳорова иборат аз он аст, ки романи «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Толстойро дастраси хонандагони ӯзбекзабон гардонидааст.
Абдулло Қаҳҳор на фақат насрнавис, балки драматурги моҳир низ буд. Аз рӯи песаҳои ӯ «Ҷон модаракон»-у «Садо аз тобут» дар Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ спектаклҳо гузошта шуда буданд ва аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифтанд.
Камина ҳам чанд сол пеш дар бораи Кибриё Қаҳҳорова очерке бо номи «Қиссаи бонуи соҳибқалам» нависта будам, ки дар шакли як китобча бо се забон – тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ дар нашриёти «Адиб» чоп шуд. Ҳоло нусхаҳои ин китобча дар осорхонаи Абдулло Қаҳҳору Кибриё Қаҳҳорова ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон маҳфузанд.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






