Дар Душанбе вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид

Июнь 13, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самти иқтисоду тиҷорат, маориф ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати Кумита оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Бундестаги  Олмон, ки дар арафаи баргузории Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё доир шуд,  баррасӣ гардид.

Зикр шуд, ки ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакат дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба баргузории панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ибрози назар намуда, хоҳони рушди ҳамкории байнипарлумонии ду мамлакат шуданд.

«Мо албатта аҳамияти ин конфронсро барои кишвари Шумо ва тамоми минтақа муҳим арзёбӣ  менамоем ва  ҳамкории байни мамлакатҳои Осиёро дар бахши амният ва субот ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем»-гуфт  роҳбари ҳайати мазкур Петер Райзауэр.

Июнь 13, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд