Дар Хатлон маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодашон гузаштаро нобуд карданд

Июнь 21, 2019 14:08

ДУШАНБЕ, 21.06.2019 /АМИТ «Ховар»/.  6 ҳазору  688кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиенӣ, ки муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат  қарор доштанд,  нобуд карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Бино ба иттилои манбаъ, ин иқдом  аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон  анҷом дода шуд.

Тавре сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Одина Шарифзода иттилоъ дод,    аз ҷамъи маводи сӯзонидашуда беш аз 70 фоизашонро ширкатҳои фармасевтии дар минтақа фаъолияткунанда, дар асоси мактуб барои несту нобуд кардан ба сарраёсат супоридаанд. Боқимондаи мавод дар рафти санҷишҳои мутахасисиони сарраёсат аз дорухонаҳо, нуқтаҳои доруфурӯшӣ ва муассисаҳои тандурустӣ аз муомилот  гирифта,  сӯзонида шудаанд.

Ба гуфтаи О.Шарифзода,  дар қиёс ба солҳои қаблӣ сатҳи масъулиятшиносии соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ баланд мегардад. «Онҳо кӯшиш мекунанд,  ки маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаро сари вақт аз муомилот гирифта, барои несту нобуд намудан ба сарраёсат супоранд»,-афзуд ӯ.

Июнь 21, 2019 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад