Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2019» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019» ифтитоҳ гардид. Дар ярмаркаи мазкур намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон,Ӯзбекистон, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин, Афғонистон, ҳамчунин соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе низ ширкат доранд. Дар доираи баргузории ярмаркаи зикршуда Форуми якумини ҳунармандон низ доир мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, зимни ифтитоҳи чорабинӣ раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки ярмаркаи байналмилалии савдо бори шашум аст, ки доир мегардад ва ҳадафи он баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзҳои баргузории ярмаркаи байналмилалӣ, ки он ду рӯз идома меёбад, ташкили Форуми байниминтақавии дар мавзӯи «Ҳамкорӣ, имкониятҳо ва дурбинӣ», «Башаклдарории системаи нақлиётӣ-логистикӣ, барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоид: имкониятҳо ва талабот», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона VI», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, инчунин ба имзорасонии шартномаҳо дар назар аст.










Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






