Футбол: имрӯз дастаҳои мунтахаби футзали то 20-солаи Тоҷикистон ва Қирғизистон бозии дуввуми худро барпо менамоянд

Июнь 4, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 04.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 20 солаи Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 дар шаҳри Бишкек аввалин бозии рафиқонаро бо тими мунтахаби миллии Қирғизистон баргузор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрӣ бо натиҷаи 5:4 ба суди соҳибони майдон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон тӯбҳоро Комрон Алиев, Идрис Ёров, Манучеҳр Сафаров ва Мирзорауф Умаров ба нишон расониданд.

Имрӯз дастаҳои мунтахаби футзали то 20-солаи Тоҷикистон ва Қирғизистон бозии дуввуми худро барпо менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019, ки 14-22  июни соли равон дар шаҳри Табрези Эрон доир мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби  футзали  Япония  ва Ветнам рақобат мекунад.

Июнь 4, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд