ИҶЛОСИ САҲА ДАР ВЕНА ТАҲТИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН: дар он муқаррарот ва уҳдадориҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи низомӣ-сиёсӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 июни соли равон дар қасри Хофбурги шаҳри Вена таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлоси 8-уми солонаи баррасии раванди татбиқи Кодекси рафтори САҲА оид ба ҷанбаҳои низомӣ—сиёсии амният баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамоиши мазкур, ки яке аз бандҳои асосии барномаи раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) ба ҳисоб мерафт, дар идомаи ҳафт иҷлоси қаблии солонаи Форум (иптидоан аз соли 2012) сурат гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи иҷлос раиси FSC, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар таъкид кард, ки ҳадафи асосии машваратҳои имсола идомаи баррасии раванди татбиқи муқаррарот ва уҳдадориҳои байнидавлатии кишварҳои САҲА дар соҳаи сиёсӣ-низомӣ мебошад, ки дар Қатъномаи ниҳоии Ҳелсинкӣ (1975), Оинномаи Париж барои Аврупои нав (1990) ва Санади Хелсинкӣ (1992) инъикос ёфтаанд.
Дар ин росто, Раиси FSC тазаккур дод, ки Тоҷикистон ба татбиқи шоистаи Кодекси рафтор аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар мубодилаи солонаи иттилооти низомӣ ширкати фаъол дорад.
Тибқи қарори ин ҳамоиш Тоҷикистон, ба ҳайси кишвари раиси FSC, дар давоми як моҳ гузоришеро дар бораи натиҷаҳои иҷлос бо дарҷи пешниҳод ва тавсияҳои ироашуда таҳия хоҳад кард.








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






