Имрӯз нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мегардад

Июнь 7, 2019 12:48

ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳрҳои Тошканд ва Хоразми Ҷумҳурии Ўзбекистон нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мегардад, ки то 12 июн идома меёбад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Фестивали мазкур асарҳои  композитори ҷавони тоҷик Зафар Турдалиев «Консертино барои оркестри калони симфонӣ», «Валс – фантазия барои оркестри калони симфонӣ» ва достони симфонии «Ҳулбук»  муаррифӣ мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади тарғиби беҳтарин намунаҳои осори композиторони ҷавон, ҳавасмандгардонии жанрҳои мусиқӣ барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, инчунин густариши робитаҳои эҷодии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Июнь 7, 2019 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад