Кӯлоби бостонӣ мизбони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 01.06.2019/АМИТ «Ховар»/. 14 июн шаҳри бостонии Кӯлоб мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузорон мегардад. Интизор меравад, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» , беш аз 20 нафар сармоягузорон аз Россия, Чин, Қазоқистон,Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои арабию аврупоӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар маҷмӯъ 300 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ иштирок намоянд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2019» маҳсуб меёбад. Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани иқтидори содиротии вилояти Хатлон аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии «Кӯлоб-2019» арзёбӣ мегардад. Инчунин дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши байналмилалӣ дастовард ва имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд.
Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Нуруллозода гуфт, ки дар ҷараёни Форуми байналмилалии сармояугзории «Кӯлоб -2019» иштирокдорони он татбиқи лоиҳаҳои муштракро дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ, рушди содирот ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлактаро баррасӣ менамоянд. Дар доираи Форуми байналмилалии «Кӯлоб-2019» корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар ҷануби Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти ин минтақа, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон хоса вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ мегардад. То ҷое мусаллам аст, дар вилояти Хатлон ду Минтақаи озоди иқтисодӣ — «Данғара» ва «Панҷ» фаъолият доранд, ки онҳо майдони фарохеанд барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар руши иқтисоди Тоҷикистон.








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






