Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкориро бо муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ густариш медиҳад

Июнь 26, 2019 15:58

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси  нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  ҷамъомад дар мавзӯи Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва бозори меҳнати сайёҳӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмат  доир карда шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, мақсади ҳамоиш боз ҳам зичтар гардонидани робитаи мақомоти дахлдори сайёҳӣ бо муассисаҳои таълимӣ ба хотири рушди сайёҳӣ ва бозори меҳанти ин бахши афзалиятноки иқтисодӣ буда, ин гуна вохӯриву ҳамоишҳо метавонанд заминаи мусоид барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор бошанд. Дар ҷамъомад Ҳабибулло Амрикбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Исломбек Хоркашов, муовин ректори ДДСХ оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, устодон ва шогирдони ихтисосҳои марбут ба туризм ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

Зикр шуд, ки  рушди сайёҳӣ барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Бештар намудани ин гуна вохӯриву ҷамъомадҳо бо ихтисосмандон ва донишмандони соҳа барои рушду пешрафти соҳа мусоидат мекунад.  Ҳамзамон дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва бозори меҳнати сайёҳӣ натиҷабахш хоҳад буд.

Ҳабибулло Амрикбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ доир ба имтиёзҳои муқарраргирдаи андозию қарзҳои бонкӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва ҳунармандон андешаронӣ кард.  Ба андешаи Ҳабибулло Амрикбекзода, ин имтиёзҳо омили аслии пешрафти соҳа гардид. Дар идома ба тайёр намудани мутахассисони варзида, роҳбаладҳои ҷавобгӯ ба бозори муосири сайёҳӣ дахл карда, қайд намуд, ки ҳамкориро Кумитаи рушди сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ  таҳким мебахшад.

Барои шиносои донишҷӯёни бахши сайёҳӣ бо тарзи фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз фаъолияти ширкати сайёҳии “ПанҷакентИнтур”  ба донишҷён маълумот дод шуд. Гуфта шуд ширкатҳои сайёҳӣ ба ҳамкории донишҷӯён ниёз доранд. Бинобар ин, месазад робитаҳо бештар шаванд.

Дар охир табодули озоди афкор  ва муҳокимарониҳо миёни масъулини мақомоти марбута ва устодону донишҷӯён сурат гирифт.

Июнь 26, 2019 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд