Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкориро бо муассисаҳои таълимӣ ва олии касбӣ густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмат дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъомад дар мавзӯи Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва бозори меҳнати сайёҳӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва хизмат доир карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, мақсади ҳамоиш боз ҳам зичтар гардонидани робитаи мақомоти дахлдори сайёҳӣ бо муассисаҳои таълимӣ ба хотири рушди сайёҳӣ ва бозори меҳанти ин бахши афзалиятноки иқтисодӣ буда, ин гуна вохӯриву ҳамоишҳо метавонанд заминаи мусоид барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор бошанд. Дар ҷамъомад Ҳабибулло Амрикбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Исломбек Хоркашов, муовин ректори ДДСХ оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, устодон ва шогирдони ихтисосҳои марбут ба туризм ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки рушди сайёҳӣ барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Бештар намудани ин гуна вохӯриву ҷамъомадҳо бо ихтисосмандон ва донишмандони соҳа барои рушду пешрафти соҳа мусоидат мекунад. Ҳамзамон дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва бозори меҳнати сайёҳӣ натиҷабахш хоҳад буд.
Ҳабибулло Амрикбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ доир ба имтиёзҳои муқарраргирдаи андозию қарзҳои бонкӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва ҳунармандон андешаронӣ кард. Ба андешаи Ҳабибулло Амрикбекзода, ин имтиёзҳо омили аслии пешрафти соҳа гардид. Дар идома ба тайёр намудани мутахассисони варзида, роҳбаладҳои ҷавобгӯ ба бозори муосири сайёҳӣ дахл карда, қайд намуд, ки ҳамкориро Кумитаи рушди сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ таҳким мебахшад.
Барои шиносои донишҷӯёни бахши сайёҳӣ бо тарзи фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ аз фаъолияти ширкати сайёҳии “ПанҷакентИнтур” ба донишҷён маълумот дод шуд. Гуфта шуд ширкатҳои сайёҳӣ ба ҳамкории донишҷӯён ниёз доранд. Бинобар ин, месазад робитаҳо бештар шаванд.
Дар охир табодули озоди афкор ва муҳокимарониҳо миёни масъулини мақомоти марбута ва устодону донишҷӯён сурат гирифт.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






