Майдончаи варзишӣ — ҳадяи гумрукчиён ба сокинони кӯчаи Н. Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 28.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ дар пойтахт ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иштирок намуда, ба истифода додани иншоотро барои рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи тарзи ҳаёти солим, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани сокинони кӯчаи Н. Ҳувайдулоев биноҳои истиқомати 141/4, 5, 6 ва 7 ва ободу зебо гардонидани пойтахт муҳим арзёбӣ намуданд.
Иншооти варзишӣ дар масоҳати 2700 метри мураббаъ доман густурда, дорои майдончаҳои универсалии барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон мебошад.
Интизор меравад, ки ояндаи наздик Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии пойтахт боз чунин як майончаи варзиширо, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар он идома дорад, мавриди истифода қарор медиҳад.








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






