«МУШКИЛОТИ ОСИЁ БОЯД АЗ ҶОНИБИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА ТАНЗИМ ШАВАНД». Муовини Вазири корҳои хориҷии Чин Чжан Ханхуэй изҳори итминон кард, ки саммити Душанбе ба кишварҳои минтақа имкон хоҳад дод то эътимоди тарафайнро пурзӯр намоянд
ДУШАНБЕ, 10.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Саммити дарпешистодаи сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Душанбе ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки мушкилотро мустақилона, бидуни дахолат аз берун танзим намоянд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе, дар брифинги махсус дар Пекин муовини Вазири корҳои хориҷии ҶМЧ Чжан Ханхуэй ақидаи худро изҳор дошт.
«Вазъияти байналмилалӣ ба тағйироти куллӣ ва бесобиқа дучор омадааст», — гуфт ӯ. Тибқи суханони ӯ, кишварҳо ҳарчи бештар ба тариқи яктарафа ва бар зарари дигарон иқдом мекунанд, ки ба «меъёрҳои бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ» халал мерасонанд. «Низоҳои байналмилалӣ ҳамоно ба вуҷуд меоянд, терроризм бошад ҳамчун хатари ҷиддӣ боқӣ мемонад», — зикр намуд муовини вазир.
«Мушкилоти Осиё бояд аз ҷониби кишварҳои минтақа танзим шаванд. Мо бар зидди дахолати беруна ҳастем. Бовар дорем, ки саммит дар Душанбе ба кишварҳо имкон медиҳад то эътимоди тарафайнро пурзӯр намуда, ба манфиати сулҳ, субот ва рушди минтақаи Осиё хизмат мекунад. Ҳамчунин саҳми худро ба чораҳо оид ба пажвок ба хатарҳое, ки ба амнияту некуаҳволии халқҳои Осиё таҳдид менамоянд, мегузорад»,-гуфт дипломат.
Чунонки ВКХ-и Чин рузи якшанбе иттилоъ дод, Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз 12 то 14 июн бо сафари давлатӣ дар Қирғизистон қарор хоҳад дошт ва дар саммити XIX ташкилоти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек ширкат хоҳад варзид. Сипас сарвари давлати ҳамсоя бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад ва аз 14 то 16 июн дар саммити V Сарони давлатҳои аъзои Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсии сол маҳсуб мешавад, иштирок менамояд.
МҲТБО – форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини сулҳ, амният ва суббот дар Осиё ташкил шудааст. Он 27 давлатро, ки 90 фоизи қаламрав ва аҳолии Осиёро дар бар мегиранд, муттаҳид намудааст. Боз 8 давлат ва 5 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла СММ мақоми нозирро доранд.
Ташаббусро дар бораи таъсиси МҲТБО соли 1992 дар иҷлосияи 47 Ассамблеяи Генералии СММ нахуст президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гӯшрас намуд.
Моҳи сентябри соли 2018 дар доираи Иҷлоси 73-юми Ассамблеяи Генералии СММ ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии МҲТБО баргузор гардид, ки дар он раёсат дар форум барои солҳои 2018-2020 аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласа оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки соли 2014 дар Чин барпо гашта буд, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «халқҳои Осиё бо риштаҳои ногусастании таърихи ягонаи пурғановат ва фарҳангҳои гуногунранг пайванд ҳастанд ва амиқ дарк менамоянд, ки роҳ ба сӯи сулҳ ва шукуфоӣ аз тариқи бунёди минтақаи пурамну субот мегузарад ва ин роҳро дар минтақаи фарохи миёни се уқёнус бо кӯшишҳои муштарак сохтан мумкин аст».
Дар ин росто Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё нақши пойгоҳи муҳими табодули васеъ ва кушодаи ақидаҳоро дар бобати роҳҳои таҳкими ҳамкории амалиро бо мақсади таъмини сулҳ ва субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва муваффақ шудан ба консенсуси паносиёӣ доир ба мушкилоти мубрами замонро мебозад.
Ба гуфтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад. Мо бояд ба пуррагӣ аз неруи форуми худ истифода барем, то ин ки дар асоси гуфтугӯи васеъ, майли умумӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти якҷоя ҷомеаи сулҳпарвару шукуфандаи халқҳои Осиёиро ба вуҷуд орем. Мо бояд аз вақту кӯшишҳое, ки барои расидан ба ин мақсади олӣ зарур мешаванд, наҳаросем.Ояндаи Осиё дар ин олами ҷаҳонишуда аз бисёр ҷиҳат ба худи мо вобаста аст. Дар таърихи тамаддуни инсоният Осиё на як бору ду бор нақши қувваи пешбарандаи рушди умумиро бозидааст. Дар айёми мо бисёр кишварҳои Осиёӣ намунаҳои рӯҳбахши рушди иҷтимоӣ ва иқтисодиро намоиш медиҳанд. Бо такя ба таҷрибаи андӯхташуда мо метавонем ва бояд иқдоми ҷиддӣ дар бунёди Осиёи шукуфанда ва пурамн, ки ба халқҳои мо ояндаи нек ва дурахшонро таъмин намояд, гузорем».
«Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар ин раванди созанда фаъолона иштирок намояд ва дар пешбурди ҳадафу вазифаҳо оид ба таҳкими чораҳои байниосиёии эътимод дар соҳаҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра, ки дар доираи машварати мо мувофиқа шудаанд, саҳми худро гузорад», — таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд зикр намуд, ки кишвари мо самтҳо ва вазифаҳои асосиро дар санади консептуалӣ дар бораи раисии Тоҷикистон дар МҲТБО барои солҳои 2018-2020 таҳия ва муқаррар намудааст.
Дар ин санад омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсат дар МҲТБО-ро дар лаҳзаи барои Осиё муҳим бар уҳда мегирад: минтақаи васеъ, ки дар он сарнавиштҳои таърихии халқу давлатҳо зич пайвастаанд, дар манзари чолишҳои нав рушди боварибахши иқтисодӣ ва саъю кӯшиш баҳри тараққию пешрафти устувори муштаракро нишон медиҳад».