МУСОФИРИ ҲАСАНИ АРОБАКАШ. Таърихнигор Сайдали Муҳиддинов китоби навашро ба ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон Усмон Қурбонов бахшидааст

Июнь 19, 2019 18:56

ДУШАНБЕ, 19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Эр-граф» таҳти  унвони «Мусофири Ҳасани аробакаш» китоберо ба нашр расонид, ки он ба қалами нависанда, доктори илмҳои таърих, проффесор Сайдалӣ Муҳиддинов тааллуқ дорад.

Ин қиссаи ҳуҷҷатӣ ба ҳаёт ва фаъолияти  ходими намоёни давлатию ҷамъиятии Тоҷикистон Усмон Қурбонов, ки солҳои 30-юми асри гузашта то дами вопасини умр дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла вазири хизмати маишӣ  кор кардааст ва  дар рушду такомули соҳаи мазкур саҳми намоён гузоштааст, бахшида мешавад.

Қаҳрамони  асар  яке аз аввалин поягузорони соҳаи хизмати маишӣ дар  ҷумҳурӣ мебошад. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ  соли 1970 дар шаҳри Душанбе омӯзишгоҳи касбӣ-техникии хизмати маишӣ  таъсис  дода шудааст.

У.Қурбонов  яке аз он ҷавононе буд, ки солҳои 20-ум бо ҳамроҳии шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар аробаи Ҳасан, ки минбаъд қаҳрамони асосии достони «Ҳасани аробакаш»-и шоир гардид, барои таҳсил ба шаҳри Тошканд сафар кардааст.

Дар китоб лаҳзаҳои  ҷолиби  ҳаёти ин марди наҷиб тасвир ёфтааст.

Аз ҷумла, дар китоб  тасвир гардидааст, ки чи  тавр Ҳасани тануманди зиндадил Рахши худро маҳмез зада, се  наврасро, ки барои таҳсил дар дорулмуаллимини шаҳри Тошканд сафарбар шудаанд, бо аробааш ба Тирмиз, ба вокзали роҳи оҳан овардааст. Он наврасон-яке Мирзо, писари дуредгари қаратоғӣ Усто Турсун,  дар оянда шоири бузург ва ходими ҷамъиятии сатҳи байналмилалӣ, дигаре Ҳамид- писари бофандаи қаратогӣ Усто Обид, дар оянда нависанда, шоир, драматург, журналист, иштирокчии Ҷанги Бузурги  Ватанӣ ва сеюмӣ ҷавони газгӯшти қоматбаланд Усмон Қурбонов аз деҳаи Қиблаӣ, дар оянда ходими намоёни давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ буданд. Ҳар сеи ин  «мусофирони Ҳасани аробакаш»  то охир дӯст монданд ва  дар рушди адабиёт, фарҳанг, хоҷагии халқ саҳми арзанда  гузошта, бо  кору пайкори барҷаста тимсоли ибрат  гаштанд.

Мавриди зикр аст, ки  Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳои анъанавӣ  бо аҳли зиё даъват ба амал оварда буданд, ки  зиндагиномаи ин гуна шахсон, ки  ба халқу миллат хизмати содиқона ва қаҳрамонона кардаанд,  бояд ба қалам дода шуда, пешкаши мардум, хосатан ҷавонон гарданд.

Яъне силсилаи асарҳоро бояд ба вуҷуд овард таҳти унвони «Зиндагиномаи одамони наҷиб»,  ба мисли «ЖЗЛ», ки замоне нависандаи маъруфи рус Максим Горкий ба он асос гузошта буд.

Хушбахтона,  бо дастури  Пешвои миллат солҳои охир дар мамлакат   чанд асари хуби тарҷумаиҳолӣ пайдо шуд. Китоби «Мусофири Ҳасани аробакаш»-и таърихнигор  Сайдалӣ Муҳиддинов аз зумраи онҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Усмон Қурбонов падари рассоми номдори тоҷик, Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, се маротиба барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  шодравон Суҳроб Қурбонов  буд.


Мансур СУРУШ,
шореҳи  адабии АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2019 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН. Дар Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»