ОБУ ҲАВО: дар Душанбе ҳаво рӯзона 34 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилоят боридани борон ва жолаи кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар баъзе минтақаҳои вилоят боридани борони (шабона барф) кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардидааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва жола дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10 + 15 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки бебориш шуда, ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






