ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво 32-34 дараҷа гарм мешавад

Июнь 14, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 14.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои  бебориш шуда, гармии ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 32-34 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда,  рӯзона 9+14 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри  бебориш  мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва   рӯзона    16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва  рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 14, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид