СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ: Дар Хуҷанд барои дарёфти 40 гранти Раиси шаҳр озмун эълон мегардад
ХУҶАНД. 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ва дар ин замина дастгирии фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, рушди ҳунарҳои дастӣ, таъмин намудани занону духтарони хонашин бо ҷойи кори доимӣ, тақвият бахшидан ба меҳнати хонагӣ, аз ҷумла, намудҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ 40 грант ба маблағи беш аз 160 ҳазор сомонӣ таъсис дода мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода масъули шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, тибқи қарори мазкур, 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ буда, он ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси ҷамъбасти озмун ҷудо ва супорида мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки соли гузашта низ дар таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд -24 сентябр 40 нафар занони ҳунарманд, барои саҳми намоён гузоштан дар рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон соҳиби гувоҳнома ва гранти раиси шаҳр гардида буданд.








Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»






