ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июн, шанбе, 159-умин рӯзи соли 2019 аст
8 июни соли 2011 ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия-шаҳри Вена дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ иштирок намуд.
***
4 сол пеш, 8 июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд. Мавриди зикр аст, ки Расадхонаи мазкур аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ дар ҷаҳон беҳтарин аст.
8 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии уқёнус.
***
Дар Россия — Рӯзи кормандони ҷамъиятӣ.
РӮЙДОДҲО:
8 июни соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
8 июни соли 1784 дар Каролинаи Ҷанубӣ аввалин маротиба дар шимоли Америка ҳодисаи ҳалокати одамон дар натиҷаи боридани жола ба қайд гирифта шуд.
***
204 сол мукаддам, 8 июни соли 1815 Полша ба Россия ҳамроҳ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1824 Ноу Кашн барои ихтирои мошинаи ҷамашӯӣ патент ба даст овард.
***
8 июни соли 1918 Гурҷистон ва Арманистон бо Германия аҳдномаи сулҳ имзо карданд.
***
13 сол пеш, 8 июни соли 2006 ширкати Microsoft санҷиши тестии WindowsVista-ро роҳандозӣ кард.
***
8 июни соли 2017 дар Остона ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ширкат намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1928 аввалин ҳавопаймо аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Австралия парвоз кард.
***
Соли 1940 унсури 93-юми ҷадвали элементҳои даврии химиявии Менделеев «Нептуний» кашф шуд.