Тоҷикистон дар САҲА натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии минаҳо ва маҳви боқимондаҳои силоҳи сабуки оташфишонро муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 июни соли равон дар қасри Ҳофбурги шаҳри Вена ҷаласаи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) доир гардид. Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба барномаҳои марбут ба мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва захираҳои муҳимоти муқаррарӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш сардори Раёсати қӯшунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Саёрабек Бачабекзода ба ҳайси суханвари калидӣ роҷеъ ба барномаҳои марбут ба маҳви захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ, нигаҳдории онҳо, инчунин лоиҳаҳои безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Тоҷикистон гузориш пешниҳод намуд.
Зимни суханронии худ намояндаи аршади ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оид ба таҷрибаи ҳамкории мақомоти низомии кишвар бо САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи «Барномаи мудирияти захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти муқаррарӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2004-2009» иттилоъ дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи барномаи мазкур 26 ҳазор мил силоҳи сабуки оташфишон ва 34 тонна муҳимоти ҷангӣ маҳв карда шуда, 9 анбори махсуси нигоҳдории силоҳи сабуки оташфишон ва муҳиммоти муқаррарӣ бунёд ва 60 анбори силоҳ таъмир карда шуданд.
Айни замон Тоҷикистон бо САҲА дар амри гузариши пурраи Вазорати мудофиаи мамлакат ба низоми электронии баҳисобгирии захираҳои силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти низомӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Генерал-майор Бачабекзода ба саҳми САҲА дар татбиқи «Барномаи давлатии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳои баланд дода, таъкид кард, ки аз соли 2009 то имрӯз ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА натиҷаҳои назаррас додаанд.
Масалан, таъсиси ротаи безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба поксозии 3 ҳазор км мураббаъ аз минаҳо, маҳви зиёда аз 16 ҳазор минаи зиддипиёдагард ва 3 ҳазор маводди гуногуни тарканда мусоидат кардааст.
Тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати тавсеаи фаъолият дар ин раванд «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо» мавриди татбиқ қарор дода шудааст.








Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






