«Тоҷинвест» дар Душанбе портали интерактивии B2B-ро рӯнамоӣ кард

Июнь 3, 2019 16:02

ДУШАНБЕ, 03.06.2019/АМИТ «Ховар»/. Нахустин Портали интерактивии   соҳикбор бо соҳибкор —  B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат)  имрӯз дар маросими расмӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд, сармоягузорони  хориҷӣ ва корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

«Портали мазкур  бо мақсади  иҷрои дастуру  супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот  бо  кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва  бонкҳои кишвар 10 майи  соли  равон баён  гардида буданд,  бо ибтикори гурӯҳи веб-мутахассисони  КВД «Тоҷинвест»  дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ  таҳия гардидааст», — гуфт дар маросими рӯнамоии лоиҳаи мазкур муовини Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ.

Зикр гардид, ки  Портали интерактивии соҳибкор бо соҳикбор — B2B ба  соҳибкорони ватанӣ  имкониятҳои навро фароҳам оварда,  барои рушди иқтисоди миллӣ, хусусан баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат нақши муассир мегузорад.


Мусаллам аст, ки моҳи марти соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ»-ро  қабул намуд, ки он ба тақвияти  идоракунии соҳибкорӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон, дастгирии истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон, инчунин тақвияти муколамаи давлат бо бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ  равона шудааст. Дар ин росто,  бо мақсади  дастгирии истеҳсолкунандагон  ва содиркунандагон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ КВД «Тоҷинвест» Портали тиҷоратии онлайниро таҳия намуд.  Мақсади лоиҳаи B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат) ташаккули портали иттилоотии миллӣ бо мақсади роҳандозии тиҷорат, ҳавасмандгардонии содирот ва пешбурди сармоягузориҳо маҳсуб меёбад. Портали  B2B бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида, интизор меравад, ки дар оянда иттилоот дар  бо забонҳои арабӣ ва чиноӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳадаф  ва рисолати Портали  B2B  беҳдошти фазои соҳибкорӣ, хизматарсониҳо  ба соҳибкорони  ватанӣ ва хориҷӣ, майдони фарох барои муаррифии  молу маҳсулоти истеҳсолии корхонаю ширкатҳо, пешниҳоди захираҳои иттилоотӣ  роҷеъ ба заминаҳои  ҳуқуқӣ  ва иқтисодии  фаъолияти соҳибкорӣ   ва сармоягузорӣ, хизматрасониҳо дар самти воридоту содирот  ва мусоидат ба рушди  соҳикбкорӣ дар Тоҷикистон нигаронида  шудааст.


Портали тиҷоратии B2B имкониятро барои ҷӯстуҷӯи шарикони нав, пешбурди тиҷорат, чӣ дар дохили кишвар ва хориҷ аз он фароҳам меорад. Дар баробари ин, ба таври шаффоф вазъи фазои иқтисодии мамлакатро барои сармоягузорон муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон он ба ҳайси раҳнамои тиҷорат ҷиҳати пайдо кардани ошноӣ бо бахши сармоягузорӣ ва имкониятҳо дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Портали мазкур ба тамоми талаботҳои ҷаҳонӣ ва тамоюли замон ҷавобгӯ буда, симои (интерфейси) мувофиқи портал кори соҳибкоронро содда мегардонад. Онҳо метавонанд мустақилона ширкатҳо, маҳсулотҳо ва хизматрасонии худро ба қайд гиранд. Инчунин дар портал ширкатҳо соҳиби саҳифаи шахсӣ  мегарданд, ки он имконияти пайвастшавӣ ба интернетро бидуни  созмон додани сомонаи махсус фароҳам меорад.  Инчунин Портали тиҷоратӣ ширкатҳои бақайд гирифташударо бо дастгирии машваратӣ, аз ҷумла ҳуқуқӣ, машварат дар соҳаи андоз ва андозбандӣ ва ба роҳ мондани бизнес дар умум таъмин менамояд.

Портали интерактивии B2B ин василаи муосир дар дасти соҳибкорон барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тиҷоратӣ  арзёбӣ мегардад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2019 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Иттиҳоди Аврупо ба сармоягузории рушди долонҳои иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон омодагии худро баён намуд
Дурнамои рушди Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои 3-5 соли оянда баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон: «Бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад»
Комиссияи Иттиҳоди Аврупо омодаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод бо Тоҷикистон аст
Дар Душанбе протоколи ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Дар доираи Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2021- 2024 ба самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон 91 миллион евро равона мегардад
Дар вилояти Суғд Фестивал-намоиши чорвои зотӣ доир гардид
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ» БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2037. Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии онро баррасӣ намуданд
Дар Бонки миллӣ раванди «Баҳодиҳии навбатии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об доир гардид
Дар Рашт намояндагии Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе Лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон» баррасӣ гардид