«Тобистон-2019»: Истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ барои қабули наврасону кӯдакон дарҳояшонро боз мекунанд

Июнь 18, 2019 13:45

ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 июни соли равон истироҳати тобистонаи мактаббачагон оғоз мегардад. Дар ин мавсим низ истироҳатгоҳҳо бо беҳтарин шароит дари худро ба рӯи хонандагон боз хоҳанд кард. Аммо бо сабаби боришоти зиёди имсола дар баъзе истироҳатгоҳҳо, ки аксари онҳо дар мавзеъҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ қарор доранд, корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ тӯл кашиданд.

Тавре муовини аввали раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Нигора Назарзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ иброз намуд, бо мақсади тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ 1 марти соли 2019 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Ҷиҳати иҷрои ин қарор дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо мақсади назорати рафти омодагӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии лагерҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, таъмини истироҳатгоҳҳо бо кормандони педагогӣ ва дигар корҳои ташкилӣ, ҷиҳати назорати раванди ташкили кори истироҳатгоҳҳо ситоди «Тобистон-2019» таъсис дода шуд. Ду гурӯҳи корӣ аз ҳисоби аъзои Ситоди «Тобистон-2019» таъсис дода шуда, аз 14 то 21 майи соли равон рафти истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ба истиснои истироҳатгоҳҳои ноҳияи Файзобод ва минтақаи Рашт дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро мавриди санҷиш қарор доданд. Аъзои ситод инчунин вазифадор гардидааст, ки ҷараёни ташкили кори истироҳатгоҳҳоро мунтазам назорат намояд.

Бино ба маълумоти номбурда, имсол низ мисли солҳои пешин дар баробари кӯдакони ятим, бепарастор аз оилаҳои камбизоат, кӯдаконе, ки дар муассисаҳои давлатии таълимии мактаб-интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти таъминоти давлат қарор доранд, инчунин кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ ройгон ба лагерҳои тобистона ҷалб карда мешаванд.

Мавсуф зикр кард, ки соли гузашта дар баробари кӯдакону наврасони мамлакат, инчунин кӯдакону наврасони кишвари дӯсти ҳамсоя-Ӯзбекистон низ дар лагерҳои Тоҷикистон истироҳат намуданд. Имсол бошад аз шаҳрҳои Уфа ва Қазони Федератсияи Россия ва Қазоқистон барои фаро гирифтани фарзандони онҳо ба фароғат муроҷиат шудааст.

«Дар айни ҳол муроҷиати онҳо мавриди таҳлилу баррасии мақомоти дахлдори кишвар қарор дорад. Баъди расидан ба мувофиқа кӯдакону наврасони онҳо дар доираи имкониятҳо ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд»,-гуфт Нигора Назарзода.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ беш аз 2045 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ бо фарогирии 173 ҳазору   336 нафар кӯдакону наврасон ташкил  карда шуд.  Аз ҷумла,  1519  лагери наздимактабӣ, 54  адад   беруназшаҳрӣ,  245  адад лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ  2 намуд лагери  санаторӣ,  113 адад варзишӣ-беҳдоштӣ, 112  лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ лагерҳои истироҳатӣ созмон дода шуд.                                             

 

 Мавҷуда АНВАРӢ,
 АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2019 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд