«ҲУНАРМАНД ҲАР КУҶО БУВАД САРФАРОЗ». Таҳти ин унвон имрӯз дар Душанбе намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 29.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва илмию маърифатӣ имрӯз, соати 17:00 дар боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Намоиши мазкур ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он ҷалби бештари насли ҷавон ба ҳунаромӯзиву ҳунармандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар намоиши мазкур гӯшаи ҳунарҳои мардумии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати фарҳанг, Кумита рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкил ва манзури тамошобинон карда мешавад.








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






