«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ». Туҳфаи арзишманд ба хонандагон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ
ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ нашриёти «Истеъдод» ҷилди 30-юми китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»-ро бо забони тоҷикӣ аз чоп баровард, ки он туҳфаи арзишманд ба хонандагон маҳсуб мешавад.
Ҳайати таҳририяи китоби мазурро Озода Раҳмон, Абуҷаббор Раҳмонзода, Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Фарҳод Раҳимӣ ташкил дода, мураттибони он Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Рамазонӣ Давлатов мебошанд.
Дар китоби мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамияти таҷрибаи нодири сулҳофарии тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳон, муввафақ гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ифтитоҳи яке аз иншооти муҳими аср — НБО «Роғун», эълони солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамзамон ташаббусҳои Сарвари давлат дар масъалаи аҳамият ва арзиши бебаҳотарини сарвати табиат об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, аз ҷониби муаллифон ба таври васеъ инъикос ва арзёбӣ гардидааст.
Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Пезидент» сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, кормандони илмӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва ҳамзамон доираи васеи хонандагон ҳамчун дастури методӣ метавонанд истифода баранд.








Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






