«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ мизи мудаввар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комил дар кишвар дар натиҷаи талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд шуда, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид ва мувофиқи иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст.
Дар ин замина, дирӯз дар бинои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар зери унвони «Ваҳдати миллӣ — омили рушди устувори сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва донишҷӯёни дар бахши сайёҳии макотиби таҳсилоти олии кишвар таҳсилдошта ҳузур доштанд.
Чорабиниро Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода оғоз намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Зикр шуд, ки “Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дар роҳи эъмори он таҳти сарварии Пешвои миллат қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст, далели равшану возеҳи тантанаи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кӯшиш намоем.”
Тавре Пешвои муаззами миллат қайд намуданд: “Барои ноил шудан ба рӯзгори босаодати мардум ва иҷрои нақшаҳои муҳимми пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамаи мо, яъне хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои бузурги таърихиамон — истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онҳоро ҳифз намоем, ояндабину дурандеш бошем ва Ватани муқаддасамонро ба мисли модари азизи худ дӯст дорем”.
Зимни суханронии худ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам қайд намуд, ки воқеан ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо низ ин бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта, ҳамчун наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирем.
Дар кори чорабинӣ инчунин, қайд гардид, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, бо шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии Сарвари давлату халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кардем.
Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокчиён доир ба таҳкими истиқлолияту ваҳдат, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат, мубодилаи афкор сурат гирифт. Таъкид шуд, ки мураккаб шудани вазъи геосиёсии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияту озодии давлатҳои миллӣ масъалаи зиракиву ҳушёрии сиёсии шаҳрвандони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ҳифзи давлату давлатдориро торафт мубраму муҳим мегардонад. Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мардуми кишвар, аз ҷумла ҷавонон ба қадри неъмати бузурги истиқлолияту озодӣ расанд, ваҳдати миллиро ҳамчун самараи даврони соҳибистиқлолӣ гиромӣ доранд ва барои ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ҳамеша омода бошанд.








Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид






