Вакилони тоҷик бо ордену ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сарфароз гардиданд

Июнь 24, 2019 16:39

ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Як зумра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардиданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ордену ифтихорномаҳоро имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони мардумӣ тақдим намуд.

Ба иттилои манбаъ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ордени «Содружество», муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо медали «Мустаҳакамгардонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ» сарфароз гардонида шуданд.

«Инчунин вакилони мардумӣ Дилрабо Мансурӣ, Гулнора Бобоева, Гулбаҳор Назирӣ, Бахтовар Сафарзода, Хайрулло Суфиев, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов ва чандин нафари дигар бо «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и  Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ карда шуданд», —  илова намуд манбаъ.

Июнь 24, 2019 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид