Вакилони тоҷик бо ордену ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Як зумра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардиданд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ордену ифтихорномаҳоро имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони мардумӣ тақдим намуд.
Ба иттилои манбаъ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ бо ордени «Содружество», муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода бо медали «Мустаҳакамгардонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ» сарфароз гардонида шуданд.
«Инчунин вакилони мардумӣ Дилрабо Мансурӣ, Гулнора Бобоева, Гулбаҳор Назирӣ, Бахтовар Сафарзода, Хайрулло Суфиев, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов ва чандин нафари дигар бо «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ карда шуданд», — илова намуд манбаъ.








Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд






