«ВОЖАИ ВАҲДАТ ВА ИСМИ МУБОРАКИ МОДАР БА ҲАМ ТАВЪАМАНД». Нома ба АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2019 17:25

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон «Ховар» аз номи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромиддин ВАЛИЗОДА таҳти унвони «Вожаи Ваҳдат ва исми мубораки Модар ба ҳам тавъаманд» номае расид, ки зарур донистем онро пешниҳоди хонандагони сомона гардонем. Номбурда, аз ҷумла чунин нигоштааст:

— Хеле рамзӣ ва самимиву хотирмон буд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Сангвор ба Пешвои миллат акси ҷолиб — дасти дуои модарро тақдим намуданд. Сокинони мамлакат аз тамошои ин лаҳзаи ҷолиб таассуроти амиқ бардоштанд. 

Вақте дар мулоқот бо сокинони ин ноҳия ба Роҳбари давлат гуфтанд, ки туҳфаи моро қабул намоед, Пешвои миллат ҷавоб доданд, ки «қабули самимонаи Шумо беҳтарин туҳфа аст». Барои Роҳбари муаззами тоҷикон ин туҳфа ногаҳониву ғайричашмдошт буд. Пешвои миллат пас аз дидани акси модари даст ба дуо лаҳзае сукут намуданд, симову тарзи гуфторашон тағйир ёфтанд, яқин он лаҳзаҳои ҳассос рӯзҳои хушнудиву мушкилоти рӯзгори анқариб сисолаи мардуми мамлакат пеши назарашон ҷилвагар шуд.

Охир ҳамин дасти дуои мустаҷоби модарони некдилу некбину некандеш буд, ки мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Дасти дуои модар буд, ки Пешвои муътабар бо дили пур, нотарсона ба Афғонистони ноором сафар намуда, барои ба Ватан баргардонидани ҳамватанони иҷборан гурезашуда талош намуданд. Ҳамон дасти дуо буд, ки пас аз талошу заҳматҳои сангин сулҳи тоҷикон падид омад, ҳамон дасти дуо буд, ки мамлакат  бо вуҷуди монеаҳои сунъиэҷоди бадхоҳони миллат дар як муддати на чандон зиёд ба як мулки ваҳдатобод ва орому осудаву пешрафта мубаддал гардид.

Аслан вожаи Ваҳдат ва исми мубораки Модар ба ҳам тавъаманд. Зеро маҳз дили бараҳму пур аз орзуҳои неки модарон тавлидгару эҳёсозандаи Ваҳдати комил дониста мешавад. Кулли модарони олам ҷангу хунрезӣ ва ҷудоиву фироқро аз ҷигарбандон намехоҳанд. Хеҷ модар ҷангро намехоҳад. Модарон ҷангро  маҳкум месозанд, онҳо намеҳохад, ки фарзандони ба хуни дил ба воя расонидаашон қурбони ҷангҳо  гарданд. Ин падидаҳои номақбул ба табиати модарон созгор нест, онҳо ҳамеша хоҳони сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ мебошанд.

Ин лаҳза барои мардуми Тоҷикистон беҳтарин сабақ гардид. Зеро Сарвари давлат таъкид намуданд, ки серкорӣ ҳаргиз баҳонаи аз таваҷҷуҳу ғамхории мо дур мондани модарон буда наметавонад.

Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки ба қадри заҳмату шабзиндадориҳои модарон намерасанд, ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо намеоранд. Модарони ин гуна шахсон ба лутфу меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи фарзандон ниёз доранд.

Имрӯз таҷрибаи Сулҳу Ваҳдати тоҷикон, ки яқин дар падид омадани он хизмати модарон ва дуоҳои мустаҷоби онҳо бебаҳсу бесобиқа арзёбӣ гардида, ҷаҳду талошҳои фарзонафарзанди миллат, Пешвои азизи мо Эмомалӣ Раҳмон рукни аслиро ташкил медиҳад, дар аксар кишварҳои олам ва доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди омӯзишу  пазириш қарор додад. Ин нуктаи муҳим боиси ифтори тамоми мардуми Тоҷикистон ва дарси ватандорию ватанхоҳӣ арзёбӣ шудааст.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, кулли модарони шарафманди Тоҷикистонро бо ин санаи фархунда — Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак мегӯем.

Июнь 26, 2019 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул шудаанд
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода: «Мубориза бар зидди коррупсия вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат мебошад»
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ қудрату тавоноии давлатро муайян менамоянд
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
САДА-МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ. Он садоқат ба Ватан, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровониро таблиғ менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад»
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт
Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид
Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»
Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад