ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Хуҷанд беш аз 510 иншоот бунёд, навсозӣ ва таҷдид мешаванд

Июль 17, 2019 10:31

ХУҶАНД, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон баҳри рушди соҳаи саноати шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидаанд. Афзоиши  номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда имкон дод,  ки  аз ҷониби 11 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсулот содирот гардад. Ин матлаб дирӯз зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ аз тарафи  шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид гардид.

Бино ба итилои хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар», зимни ҷаласа гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардидаи коргоҳҳои шаҳр ба 589 миллион сомонӣ расид.  Ин  нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи  9,4 фоиз зиёд буда, дар ин самт саҳми корхонаҳои истеҳсолӣ, чун «Қоғази тоҷик», «Арча-мебел», «Кимё», «Таҷпроф» ва «Арианаметаллпласт» назаррас мебошад.

Вобаста ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бурдани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд давоми  нимсолаи аввал 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 4 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 5 иншоот, 3 адад нуқтаҳои савдо ва хизаматрасонӣ, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 113 иншооти ҳаётан муҳим сохта, 164 адад ҷойи нави кор таъсис дода шудаанд.

Илова бар ин, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 1432 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 1050 метр ноқилҳои барқӣ насб карда шуданд. Ҳамзамон 14 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангу бор, 14 адад даромадгоҳҳо ва 5 адад лифтҳо, 2146 м2 боми биноҳо ва 329 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

 

Июль 17, 2019 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд