Дар Тоҷикистон моҳи октябр сатҳи оби дарёҳо кам гардидааст
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли равон дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ пастшавии сатҳи об ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯйии обшиносии Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сафархон Шарофиддинов иттилоъ дод.
Обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ асосан аз захираҳои мавсимии барф, ки дар давраи тирамоҳу зимистон (аз моҳи октябр то охири март) дар болооби ҳавзаҳои дарёҳо ташаккул меёбад, вобастагӣ дорад.
Мувофиқи мушоҳидаҳои бисёрсолаи гидрологӣ, давраи камобии дарёҳои асосии ҷумҳурӣ аз моҳи октябр то март идома меёбад. Давраи серобшавии дарёҳо (аз ҷумла, Вахш) аз моҳи апрел оғоз гардида, то моҳи сентябр идома мекунад.
Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, омили асосии пастшавии сатҳи рӯдхона таъсири тағйирёбии иқлим буда, дар натиҷа майдони пиряхҳо дар болооби ҳавзаи дарёҳо кам мегардад. Ин раванд боиси камшавии об дар ҳавзаи дарёҳои асосии ҷумҳурӣ мешавад.
Давоми моҳи октябр обнокӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш дар ҳудуди меъёр- 93 фоиз, дар ҳавзаи дарёи Панҷ аз меъёр кам: 47-73 фоиз, дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон аз меъёр кам ва дар ҳадди меъёр: 81-91 фоиз ва дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ҳадди меъёр: 90-95 фоиз мушоҳида гардид.
Инчунин дар дарёи Исфара обнокӣ аз меъёр кам- 87 фоиз ва дар дарёи Қаратоғ ин нишондиҳанда дар ҳадди меъёр- 91 фоиз ба мушоҳида расид.
Ҳаҷми оби обанбори Норак давоми моҳи октябр 22 миллион метри мукааб кам гардида, то санаи 31 октябри соли равон 104 миллиону 83 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 42 миллион метри мукааб кам мебошад.
Ҳаҷми оби обанбори Қайроққум давоми моҳи октябр 512 миллион метри мукааб зиёд гардида, ба санаи 31 октябри соли равон 2 миллиону 066 ҳазор метри мукаабро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 472 миллион метри мукааб кам мебошад.
Мувофиқи меъёр, сатҳи оби обанбори Норак бояд дар сатҳи 910 метр бошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






