ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Хуҷанд беш аз 510 иншоот бунёд, навсозӣ ва таҷдид мешаванд
ХУҶАНД, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон баҳри рушди соҳаи саноати шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб гардидаанд. Афзоиши номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда имкон дод, ки аз ҷониби 11 адад корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсулот содирот гардад. Ин матлаб дирӯз зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ аз тарафи шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таъкид гардид.
Бино ба итилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», зимни ҷаласа гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардидаи коргоҳҳои шаҳр ба 589 миллион сомонӣ расид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,4 фоиз зиёд буда, дар ин самт саҳми корхонаҳои истеҳсолӣ, чун «Қоғази тоҷик», «Арча-мебел», «Кимё», «Таҷпроф» ва «Арианаметаллпласт» назаррас мебошад.
Вобаста ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бурдани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд давоми нимсолаи аввал 133 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 4 иншоот, фарҳангию фароғатӣ 5 иншоот, 3 адад нуқтаҳои савдо ва хизаматрасонӣ, 8 адад бинои истиқоматии баландошёна ва 113 иншооти ҳаётан муҳим сохта, 164 адад ҷойи нави кор таъсис дода шудаанд.
Илова бар ин, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 1432 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 1050 метр ноқилҳои барқӣ насб карда шуданд. Ҳамзамон 14 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангу бор, 14 адад даромадгоҳҳо ва 5 адад лифтҳо, 2146 м2 боми биноҳо ва 329 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






