Портали хизматрасониҳои давлатӣ дар реҷаи пилотӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали хизматрасониҳои давлатӣ (khizmat.ehukumat.tj) дар реҷаи пилотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барои мусоидат ба аҳолӣ бобати истифодаи портал ва баҳрабардорӣ аз хизматрасониҳо дастрасӣ ба Маркази хизматрасониҳои давлатӣ осон, шаффоф ва рақамӣ мегардад. Яъне, шаҳрвандон метавонанд пас аз анҷоми айнияткунонӣ озодона ва бе маҳдудият аз хизматрасониҳои ин портал истифода баранд.
Дар Маркази хизматрасониҳои давлатӣ барои содаю осон кардани пешниҳод ва муроҷиати шаҳрвандон хизматрасонӣ ба таври электронӣ анҷом дода мешавад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






