Ҳадафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоли Сомонӣ тарғиби арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллист

Июль 26, 2019 11:25

ДУШАНБЕ, 26.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоли Сомонӣ дар шаш моҳи аввали соли равон дар самти тарғиби арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ,  дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат тадбирҳои судманд андешид. Ин нуктаро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоли Сомонӣ Насимҷон Расулзода имрӯз зимни ҷаласаи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе баён дошт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ раисони ташкилоти ибтидои ҳизбӣ, аъзои фаъоли Ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.

«Мо фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои дурандешонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар самти тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб корҳои назаррас ба анҷом расонидем», — афзуд  Насимҷон Расулзода.

Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иҷроия дар маҷмӯъ 465 чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуданд.

«Дар чорабиниҳо асосан оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва  арзишҳои неки давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ  сухан карда, оид ба анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истииқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд дода шуданд», — гуфта шуд дар ҷаласаи мазкур.

Бояд гуфт, ки 7 феврали соли равон дар Китобхонаи миллӣ маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, бо қатъият ва далелҳои мушаххас хотиррасон намуданд, ки бештари дастовардҳои назарраси мамлакат, албатта, бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ доранд.

«Ҳизб бо ташаббусҳои бузурги созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судманд пешниҳод кард, инчунин дар коркарди самтҳои муҳимтарин ва муносибатҳои ҳасанаи сиёсӣ фаъолона иштирок намуд, муҳимтар аз ҳама, ба пешрафти як қатор ҷанбаҳои калидии кор такони нав бахшид», — афзуданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Раиси Ҳизб маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло бурдани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як узви ҳизб мебошад.

Дар ин радиф метавон зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати таблиғи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва боло бурдани нуфузи он дар ҷомеа нақши муҳим гузоштааст.

Июль 26, 2019 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд