Ба «Комбинати шири Душанбе» фурӯши маҳсулот тариқи мағозаҳои сайёр ва мошинҳои махсус иҷозат дода шуд

Июль 2, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе»  ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти ширӣ тариқи мағозаҳои сайёр ва мошинҳои махсусгардонидашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарназардошти риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ  то 26 июни соли 2021 иҷозат дода шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни додани  ин иҷозат хулосаҳои Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  ба инобат гирифта шудаанд.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» вазифадор гардидааст, ки  номгӯи маҳсулоти ширии пешниҳодшавандаро бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.

Июль 2, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд