БА ТАВАҶҶУҲИ ЖУРНАЛИСТОН! Пагоҳ нишасти матбуотии пеш аз мусобиқот бахшида ба оғози Чемпионати CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Осиёи Марказӣ оид ба футбол баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 июл дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола нишасти матбуотии пеш аз мусобиқот баргузор мегардад. Нишаст соати 16:00 оғоз меёбад.
Ба саволҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон посух хоҳанд гуфт.
Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ журналистон метавонанд кортҳои бақайдгириро барои инъикоси Чемпионати CAFA-2019, ки аз 26 июл то 1 август баргузор мешавад, дарёфт кунанд. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе ва Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.
Барои маълумот бо телефонҳои зерин метавонед тамос гиред:
Тел: 911100014 ё 918667387 (Фаридун Солиев).









ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






