Бар асари садамаи нақлиётӣ 4 нафар сокинони ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. / АМИТ «Ховар»/. Ронандаи мошини тамғаи «Хундай Голопер», сокини 28-солаи деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нозим Маликмамадов ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ишкошим-Лангар-Тускул», дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, онро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар натиҷаи садамаи мазкур мусофирони мошин — Гулмамад Савлатови 65-сола, Санавбар Савлатови 37-сола, Гулбоғ Саидбекова ва Абдулмамад Савлатови 59-солаҳо, сокинони деҳаи Ямгӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи деҳаи Вранг ба ҳалокат расидаанд.
Ронанда ягон ҷароҳат набардошта, мусофири дигар Аловат Солиеви 45-сола, сокини деҳаи номбаршуда, дар ҳолати вазнин дар беморхонаи деҳаи Вранг бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






